WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Sheefo.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 

 
 
 
 

  "ادع إلى سبيل ربك بالحكمة والموعظة الحسنة"
"(мардум)-ро бо ҳикмат ва андарзи неку ба роҳи парвардигорат даъват намо"  

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
 

..:Қудуми моҳи шарифи Рамазон муборак бошад:..


 
 

 

 

Хутбаи рӯзи Ҷумъа
Посухи пурсишҳои
152
(27-08-2010)

Flash надорен мархамат.

 

 

 
 

DOWNLOAD !

 

Барои Download-и ин видео инҷоро клик занед.

 

Ҳаҷми файл: 115MB

   
 
 
 

 

   ..:ҳадисҳои гузашта:..

ابن عمر رضي الله عنهما قال: "فرض رسول الله  -صلى الله عليه و سلم  -زكاة الفطر صاعا من تمر أو صاعا من شعير على العبد والحر والذكر والأنثى والصغير والكبير من المسلمين وأمر بها أن تؤدى قبل خروج الناس إلى الصلاة" - رواه البخاري 

Ибни Умар -Худо аз ҳар дуи онҳо розӣ бод- фармуд: «Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- закоти Фитрро ба миқдори соъе (ки тақрибан 3 килло аст) аз хурмо ваё соъе аз ҷав бар ҳар (шахси) ғулом ва озод, мард ва зан, хурд ва калон аз мусулмонҳо фарз гардонид ва фармуд, то пеш аз баромадани мардум ба намоз ихроҷ карда шавад» - Имом Бухорӣ ривоят карданд.

عن أَبي هريرة - رضي الله عنه - عن النبيِّ - صلى الله عليه وسلم - قَال: "مَنْ قَامَ لَيْلَةَ القَدْرِ إيمَاناً وَاحْتِسَاباً غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ" - متفقٌ عَلَيْهِ .

Аз Аби Ҳурайра -Худо аз Ӯ розӣ бод- омадааст, ки Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- фармуд: «Ҳар ки шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дар интизори подоши Худо зинда дорад, ҳама гунаҳҳои гузаштааш бахшида мешавад» - Муттафақун алайҳ.

عن أبي موسى الأشعري قال : قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: "مثل المؤمن الذي يقرأ القرآن كمثل الأترجة ريحها طيب وطعمها طيب ومثل المؤمن الذي لا يقرأ القرآن كمثل الثمرة لا ريح لها وطعمها حلو ومثل المنافق الذي يقرا القرآن كمثل الريحانة ريحها طيب وطعمها مر ومثل المنافق الذي لايقرأ القرآن كمثل الحنظلة ريحها مر وطعمها مر" -  متفقٌ عَلَيْهِ .

Аби Мусои Ашъарӣ -Худо аз Ӯ розӣ бод- овардаанд, ки Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- фармуд: «Масали мӯъмине, ки Қуръонро мехонад ба мисоли Утруҷа (меваи хушбу ва хушмазза) аст: Буйи хуш ва маззаи хуб дорад ва масали мӯъмине, ки Қуръонро намехонад ба мисоли Хурмо аст: Буй надорад вале маззаи хуб дорад. Ва масали мунофиқе, ки Қуръонро мехонад ба мисоли Райҳон аст: Буйи хуш вале маззаи талх дорад ва масали мунофиқе, ки Қуръонро намехонад ба мисоли Ҳанзала (меваи гиёҳест, ки монанди тарбуз вале ҳаҷман хурд) аст: На буй дорад на мазза - Муттафақун алайҳ.

عن ابن مسعودٍ - رضي الله عنه- أن النبيَّ - صلي الله عليه وسلم – كان يقولُ: "اللهمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الهُدَى، والتُقَى، والعَفَافَ، والغِنَى" - رواه مسلم

Аз Ибни Масъуд -Худо аз Ӯ розӣ бод- омадааст, ки Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- (дар дуо) мегӯфт: «Худоё, ҳамоно ман аз (зоти поки) ту ҳидоят (и илми фоиданок ва амал бар он) ва тақво (ва худдорӣ аз манҳиёт ва сабқат дар маъруф) ва покдоманӣ (аз тамоми навъҳои зино -зинои чашм, даст, пой, фикр…-) ва бениёзи ( чашмсерӣ аз он чи дар дасти мардум аст, зеро қаноат канзи беинтиҳост ва дорои)-ро масъалат дорам» - Имом Муслим ривоят карданд.

عن عائشة رضي الله عنها قالت: "كان النبي صلى الله عليه و سلم يقبل ويباشر وهو صائم وكان أملككم لإربه"  -رواه الامام البخاري

Аз модари мӯъминон - Оиша - Худо аз Ӯ розӣ бод- омадааст, ки фармуд: «Расули Худо дар ҳоле ки рӯзадор буд (занҳои худро) бусса мекард ва (онҳоро) ба оғӯш мегирифт ва Ӯ аз шумо дида нафси худро (барои дар сабабҳое, ки рӯзро мешикананд аз қабили инзол ва ё воқеъ шудан дар ҷимоъ) беҳтар молик буд.» - Имом Бухорӣ ривоят карданд.

عن سلمان بن عامر - رضي الله عنه- أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم- قال: "إذا أفطر أحدكم فليفطر على تمر، فإنه بركة، فإن لم يجد تمرا فالماء، فإنه طهور" - رواه أبو داود والترمذي

Аз Салмон писари Омир -Худо аз Ӯ розӣ бод- омадааст, ки Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- фармуд: «Вақто нафаре аз шумо ифтор кунад, пас (аз боби суннат ин аст, ки) бар донаи хурмо (ки дар атрофи фоидаҳои хурмо олимон ҳарфи зиёде зикр кардаанд ва хулосаи қавл ин аст, ки хурмо (тамр) дар таркибаш 20-24% об, 70-75% ширинӣ, 2-3% протаин, 8.5% барга ва камее аз равғаниро дар бар дорад, ки барои омода сохтани меъда кумак мекунад)  ифтор кунад, зеро дар он (ба ғайр аз он чи зикр кардем ва муҳимаш) баракат аст ва агар хурмо пайдо нагашт, пас бо об ва дар хақиқат, ки об (бе шакку шубҳа аст ва он давои ҳамаи мавҷудот аст ва об бешак) покаст.» - Абу Довуд ва Имом Тирмизи ривоят карданд.

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: "إذا دخل شهر رمضان فتحت أبواب السماء وغلقت أبواب جهنم وسلسلت الشياطين" - رواه الامام البخاري

Аз Аби Ҳурайра - Худо аз Ӯ розӣ бод- омадааст, ки Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- фармуд: «Ҳар вақто моҳи рамазон ворид шавад дарвозаҳои осмон (и биҳишт) кушода мешаванд ва дарвозаҳои дузах баста мегарданд ва шайтонҳо (дар ин моҳ) занҷирбанд мегарданд (ки сабаби кам гаштани гуноҳ дар ин моҳ мегардад)» - Имом Бухори ривоят карданд.

عن أبي هُرَيرَة - رضي الله عنه - أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم- قال: "صُومُوا لِرُؤيَتِهِ وأفطِرُوا لِرُؤيَتِهِ، فَإِنْ غَبِيَ عليكم، فأَكْمِلُوا عِدَّةَ شَعْبَانَ ثلاثين" – متفق عليه

Аз Аби Ҳурайра - Худо аз Ӯ розӣ бод- омадааст, ки Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- фармуд: «(Воҷиб аст бар шумо, ки) Рӯза бидоред бо дидани ҳилол(и моҳи Рамазон) ва ифтор кунед бо дидани ҳилол (и моҳи шаввол) ва агар ҳилол бар шумо (бо сабаби абрнокӣ ва соф набудани ҳаво) нопадид гашт, пас моҳи (пеш аз моҳи Рамазон) Шаъбонро 30 рӯз (барои таъкиди масъала) пурра кунед»- Муттафақун алайҳ

عن أبي هُرَيرَة - رضي الله عنه - قال: سَمعتُ رسولَ اللهِ - صلى الله عليه وسلم- يَقولُ: "كُلُّ أمتي مُعَافى إلا المُجَاهِرِينَ، وإِنَّ مِنَ المُجَاهَرَةِ أَنْ يَعْمَلَ الرجلُ بالليلِ عَمَلا، ثُمَّ يُصْبِحُ وَقَدْ سَتَرَهُ اللهُ عَلَيهِ فَيَقُولُ: يا فلان، عَمِلتُ البَارِحَةَ كذا وكذا، وقد بَاتَ يَسْتُرُهُ رَبُّهُ، ويُصْبِحُ يَكْشِفُ سَتْرَ اللهِ عَنْهُ" – متفق عليه

Аби Ҳурайра - Худо аз Ӯ розӣ бод- гуфт: Шунидам Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- мегӯяд: «Ҳамаи умматам (уммате, ки даъваташро иҷобат кардаанд) бар саломат (офият ва амон аз азоб) ҳастанд, магар ошкоркунандагон (ва онҳо ду гурӯҳанд: яке пеши чашми мардум даст ба гуноҳ мезананд. Гуноҳашон бениҳоят вазнин аст. Аммо дигаре дур аз чашми мардум мисли дохили хона ва … даст бар гуноҳ мезананд, ки мақсади ҳадис аст). Ва ба таҳқиқ аз зумраи ошкоркунӣ онаст, ки марде дар шаб коре (гуноҳе) анҷом медиҳад ва вақте дохили субҳ мегардад, ба таҳқиқ Худованд ӯро сатр кардааст (ва касе аз он гуноҳи бади кардаи ӯ хабардор нест). Пас (бо фахр сина ҷунбонда) мегӯяд: Эй фалонӣ, дирӯз (зино, куштор, дузди... ваё) ин ва он корро анҷом додам. Ва ба таҳқиқ Худованд (гуноҳи) дар шаб (анҷомдодаи) ӯро сатр намуд ва дар субҳ (худ он) сатри Худовандиро аз худ дур кард (аммо агар аз он гуноҳи худ тавба карда байни худ ва Парвардигораш зорию илтиҷои омӯрзиш мекард ва дар байни мардум ошкор намекард, шояд бахшида мешуд) - Муттафақун алайҳ

عن أبي هُرَيرَة – رضي الله عنه – قال: "لعَنَ رَسُولُ الله - صلي الله عليه وسلم- الرّجُلَ يَلْبَسُ لِبْسَةَ المرأةِ، والمرأة تَلْبِسُ لِبْسَةَ الرَّجُل". رواه أبو داود بإسناد صحيح

Аз Аби Хурайра - Худо аз Ӯ розӣ бод- омадааст: ««Расули Худо(с) лаънат хонд бар марде, ки (қасдан ва ё нофаҳмида) ба монанди занонҳо (худро ороиш дода дар сухан гуфтан, роҳ рафтан, нишастан ба занҳо худро монанд мекунад ва ба монанди занхо)  либос мепӯшад ва зане, ки ба монанди мардҳо (худро дар рафтору гирдор ба мардон монанд мекунад ва ба монандашон) либос мепӯшад (то ҷое, ки мисли мардон либоси танг ва шафоф дар бар карда нозукиҳои бадани худро, ки Худованд амр бар сатри он кардааст, барои омма ошкор месозад ». – Имом Абу Довуд ривоят карданд.   

عن أبي هُرَيرَة – رضي الله عنه – أنَّ رسولَ اللهِ - صلي الله عليه وسلم- قال: "أقْرَبُ مَا يَكُونُ العَبْدُ مِنْ رَبِّهِ وَهُوَ سَاجِدٌ، فَأَكْثِرُوا الدُّعَاء" – رواه مسلم.

Аз Аби Хурайра - Худо аз Ӯ розӣ бод- омадааст, ки Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- фармуд: «Наздиктарин ҳолате, ки банда ба Парвардигораш аст, дар ҳоли саҷда аст. Пас дуоро зиёдтар кунед.» - Имом Муслим ривоят карданд.

عن أبي يحيى صُهَيبِ بن سِنَانٍ – رضي الله عنه – قال: قال رَسُول الله – صلي الله عليه وسلم: "عَجَبًا لأَمْرِ المُؤمِنِ إنَّ أمرَهُ كُلَّهُ لَهُ خَيْرٌ، وليس ذلك إلا للمُؤْمِن: إن أَصَابَتْهُ سَرَّاءُ شَكَرَ فَكَانَ خَيرًا لَه، وإن أَصَابَتْهُ ضَرَّاءُ صَبَرَ فَكَانَ خَيرًا لَهُ" – رواه مسلم.

Аз Абияҳё Суҳайб писари Синон - Худо аз Ӯ розӣ бод- гуфт: Расули Худо -дуруду паёми Худовандӣ бар Ӯ бод- фармуд: «Ҳоли мӯъмин (дар ин ҳаёт) аҷоиб аст ва ин ҳол фақат барои инсони мӯъмин аст: Агар барояш фарохдастӣ насиб гардад ва шукр кунад (шукрро на танҳо ба забон,балки бо адои тоати Худовандӣ пурра кунад), пас ин шукраш барояш нек аст ва агар бар тангдастӣ  гирифтор гардад ва сабр кунад, пас ин сабраш барояш нек аст(дар ин масъала инсонҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мегарданд: мӯъмин ва кофир. Пас мӯъмин ҳар чи аз тақдири Худовандӣ аст агар хуб бошад шукр ва агар нохуб бошад сабрро пеша гирифта кушоишро аз Худованд интизор мегардад. Албатта бо чанг задан ба сабаб. Аммо кофир –чи тавре ки олимон гуфтаанд - ҳатто хуроку шаробаш барояш гуноҳ аст. Ва агар мусибате бар сараш ояд ҳам дунёро ва ҳам замонаро ва ҳама чизро дашном дода норозигии худро нишон медиҳад. Пас кофир ҳама ҳолаташ барояш бад аст)»  - Имом Муслим ривоят карданд.


         
Ҷумъаҳои гузашта:
20/08/2010 Эшони Маҳмудҷон Фоидаҳои Рӯзанав
13/08/2010 Эшони Маҳмудҷон Аҳкоми Рӯза
06/08/2010 Эшони Маҳмудҷон Фазоили моҳи Рамазон
30/07/2010 Эшони Маҳмудҷон Аҳкоми Қарз
Архиви ҷумъаҳои гузашта...
Бишнавед......
Эшони Маҳмудҷон Посухи пурсишҳои 152нав
Эшони Маҳмудҷон Фоидаҳои Руза
Эшони Нуриддинҷон Намози Ҷумъа 30.04.2010
Эшони Нуриддинҷон Посухи пурсишҳои 144
Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода Суханронии 1

Тақвим моҳи Рамазон 1431 (2010)

Таърих Фаҷр Тулуъ Пешин Аср Шом

Хуфтан

22 - Чоршанбе 4:31 6:31 12:30 17:16 19:09 20:20
23 - Панҷшанбе 4:32 6:32 12:30 17:15 19:08 20:19
24 - Ҷумъа 4:33 6:33 12:30 17:14 19:07 20:18

25 - Шанбе

4:34 6:34 12:30 17:14 19:06 20:17
26 - Якшанбе 4:35 6:35 12:30 17:13 19:05 20:16
     

ҷадвали комилро ин ҷо дастрас кунед

Мақолаҳо
 
 Ҳаракатҳои исломӣ дар олами муосир
 .... Агар бихоҳем сабабҳои ҳақиқии ин масъаларо дарёбем бояд ҷавҳари инсон ва миллатҳоро хуб бишкофем. Сипас бояд ба нақши бузурге, ки ҷунбишҳои исломӣ дар сар то сари дунё ифо мекунанд, таваҷҷуҳ кунем ва дар ин сурат аст, ки ба ҷавоби дуруст даст хоҳем ёфт. Паёме, ки ҷунбишҳои исломӣ барои миллатҳо дорад бо фитрати ин миллатҳо созгор аст. .....

  Моҳи Рамазонро ғанимат шумор!
 

    ..... Зимни табрики ҳамагон аз омадани ин моҳи муборак барои ҳар яки мо зарур аст бо як барномарезии дуруст ба истиқболи он биравем, то битавонем Рамазонро беҳтар пос бидорем. Рузҳо ва ҳар лаҳзаҳои гаронбаҳои  онро бештар қадр гузорем. Фурсати тиллоии ибодат дар онро ғанимат шуморем.  Се тавсияи муҳим:  .......

 
  Оини Зардушт дар тарозуи таърих
 

.... Дар Вандидод дар робита ба зане, ки кудаки мурда таваллуд намудааст чунин ҳукмро таъйин кардааст:
"Эй офаринандаи ҷаҳони ҷисмонӣ ва эй муқаддас! бигӯ бидонам, нахустин хуроку ғизои ин зан чи хоҳад буд? Аҳурамаздо посух дод: Ин зан бояд як миқдор хокистари омехта бо пешоби гов ба андозаи се луқма, шаш луқма ё нуҳ луқма майл намояд".

Дар Вандидод саранҷоми касе, ки бар руи ҷасади мурда як нах биафканад чунин тайин шудааст: .....


  Издивоҷи Паёмбар бо Оиша
 

Ба номи Худованди ҷону хирад
Дустони азиз! Сабаби қалам ба даст гирифта дар бораи издивоҷи Паёмбар бо Оиша навиштанам дар ин аст, ки дар сомонаи мо як савол аз тарафи бародаре омадааст, ки мазмуни он чунин аст." дар хадиси Бухори хондам дар бораи хазрати Оиша.дар ончо гуфта шудааст, ки Пайгамбари Худо (сас) Оишаро дар сини 9 солагӣ ба зани гирифт. Метавонед фахмонед барои чи инкадар ёш, издивоч бо кудак Шумо хубтар медонед, ки мумкин нест. Чунки хам аз чихати чинси ва хам аз чихати акл инкишоф наёфта буданд (хазрати Оиша)."....


  Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност
 

Хоҳари муъмин ва мусалмон! Занони сабур ва шуҷоъи меҳанамон! Ононе, ки бо имон ва фидокори дар муқобили мушкилот истодаанд! Имруз душманони қасамхурдаи ислом сарсахтона мекушанд, то чодари иффат ва иззати туро аз сарат бардоранд. Зеро онҳо аз ҳиҷоби ту метарсанд ва медонанд, то ҳиҷоби ту ҳаст  ..... 

 
 
 
 

Муъҷизаҳои адади дар Қуръони Карим

Имрузҳо олимони исломи кашф намуданд, ки Қуръони Карим аз ноҳияи ададӣ дорои муъҷизаҳои аҷибе аст, ки барои каломи Худованд будани он далелҳои мустаҳкам мебошад. Қуръони карим китоби Худованди ягона дорои муъҷизаҳаи фаровоне аст, ки барои кашфи онҳо ақлу донишу тадаббур зарурат дорад. Он ақлу донише, ки нури Ислом барои истифодаи он ......

 
 
 
 
Духтаре аз Россия

.... Холид мегуяд: Дар тули зиндагиям сахнае шигифтангезтар ва зеботар аз инро надида будам. Фикр накунам зеботар аз уро аслан дида будам. Бо вучуди ин ки чехрае ки медидам сурх ва рангин аз хун буд.
Зуд наздик рафтам. Ба у нигох кардам. Кариб буд бимирам. Охир, рангаш сурх шуда .....

 
 
 
 

Шариати исломӣ; Ягона роҳи баромадан аз буҳрони молии кунуни

.... Вай дар пурсиши сарзанишомез нисбат ба поп ва калисо мегуяд: «Ман фикр мекунам мо барои он, ки беҳтар бидонем дар ин буҳрон чи балое ба сари бонкҳоямон омадааст ба ҷои Инҷил - Қуръонро бихонем. Зеро сардамдорони бонкҳои мо ба он чи дар Қуръон омадааст эҳтиром мегузоштанд ва .....

 
 
 
 

 Исломи хабарнигори рузномаи «Санди экспресс»

Дар  рузҳои пас аз воқеаи 11 сентябри соли 2001 ки Амрико омодаи ҳамла ба Афғонистон мешуд, хабари дастгир намудани як хабарнигори англис ба номи Ҷон Редли дар Афғонистон тавассути ҳукумати Толибон яке аз мавзуъҳои муҳимми ахбори ҷаҳон шуд. .....

 
 
 
 

Беҳиҷобо!

Бе ҳиҷобо! Ки ба сад ишваву ранг омадаи
Магар аз иффату озарм  ба танг омадаи
Чи бади диди зи оёти Худованди Раҳим,
Ки ту бо мазҳаби ислом ба ҷанг омадаи.
Ин гуноҳи алани аз ту мусалмон зиштаст, 
.....

 
 
 
 

Ғуломи ва бардагӣ

Ғуломон танҳо касоне нестанд, ки пойбастаи авзоъи иҷтимои шуда бошанд. Ва ё дар баробари ҷойгоҳи иҷтимои шикаст хурда бошанду ба шакли ғулом мақом пайдо карда бошанд. Чуноне,ки гўё матоъ ё ҳайвоне ҳастанд дар ихтиёри ашрофиён қарор гирифта бошанд. Ғулом касе нест, ки вазъи иҷтимои ва мавқеияти иқтисоди уро ба хори дучор....

 
 
 
 

Бардошти як донишманд аз нуктаҳое дар мавриди ҷаниншиносӣ дар Қуръон

Узви колеҷи анатомии Канада, доктори фалсафа ва профессори ҷаниншиноси. Бахши анатомии донишгоҳи  тиббии Торенто дар Канада. Гузоришҳо дар бораи пайдоиш ва нашьунамои ҷанин дар чандин бахши гуногуни  аз Қуръони Карим зикр гардидааст. Вале танҳо дар солҳои ахир аст, ки маънои илмии бархе аз ин оятҳои ....

 
 
   

 

 

 

   
 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,
Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
*  *  *
Касоне, ки гӯянд, эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо, эй Ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
*  *  *
Худоё бар он чи фиристодаӣ,
Бар он чи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
*  *  *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷуз ин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.


 

 
 
 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com.  Designed by J M